close
Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шибҳиилм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Image

Шибҳиилм (форсӣ: شِبهِ‌علم‎), псевдоилм (англ. Pseudoscience) — шомили гузораҳо, боварҳо ё аъмоле аст, ки иддао мекунанд ҳам илмӣ ва ҳам воқеӣ ҳастанд, аммо бо равиши илмӣ носозгор ҳастанд. Шибҳиилм ағлаб бо иддаоҳои мутаноқиз, иғроқомез ё ғайриқобили ибтол мушаххас мешавад. Такя бар сӯгирии таъйидӣ ба ҷои талошҳои ҷиддӣ барои рад; адами истиқбол аз арзёбӣ тавассути коршиносони дигар; адами вуҷуди шеваҳои систематик ҳангоми эҷоди фарзияҳо; ва то муддатҳо пас аз беэътибор шудани фарзияҳои шибҳи илмӣ ба сурати таҷрибавӣ идома ёфт[1].

Намунаҳои боварҳои шибҳиилмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунаҳои маъмули шибҳиилм дар соҳаҳои гуногун иборатанд аз:

Дар заминаи илм: Бовар ба перраҳо (UFO), толеъбинӣ, кафбинӣ, ситорашиносӣ (астрология), истифодаи танҳо 10 % аз мағз, энергиядармонӣ, карма, таносух, қонуни ҷазб, заминпаҳнгӯӣ, таъбири хоб, сангдармонӣ ва назарияҳои тавтиъа дар илм.

Дар заминаи дин: Офаринишгароӣ (креатсионизм), тарҳи ҳушманд[2], тибби исломӣ, эъҷозҳои илмии Қуръон, пайванд додани таҷрибаҳои наздик ба марг бо мовароуттабиат ва таъсири физикии чашми бад.

Дар заминаи тиб: Ҳомеопатия, фенг-шуй, хиропрактика ва намудҳои муайяни тибби суннатӣ, ки асоси илмӣ надоранд.

Фарқи илм аз шибҳиилм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Файласуфони илм, махсусан Карл Поппер, меъёри ибтолпазирӣ-ро (falsifiability) пешниҳод кардаанд. Ин ба он маъност, ки як гузориши илмӣ бояд тавре бошад, ки имкони бо таҷриба рад кардани он мавҷуд бошад. Гузоришҳои шибҳиилмӣ одатан тавре тарҳрезӣ мешаванд, ки ҳеҷ таҷрибае натавонад онҳоро рад кунад.

Нишонаҳои шибҳиилм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роберт Парк 7 нишонаи огоҳкунанда барои шибҳиилмро муаррифӣ кардааст:

Фирор ба расонаҳо: Иддаоҳо мустақиман ба расонаҳо бурда мешаванд, на ба маҷаллаҳои илмии таҳти назари коршиносон.

Тавтиъаандешӣ: Иддао мешавад, ки муассисаҳои қудратманд қасд доранд ин «кашфиёт»-ро пинҳон кунанд.

Такя ба таҷрибаҳои шахсӣ: Ба ҷои додаҳои оморӣ ва таҷрибаҳои лабораторӣ, ба нақли қавлҳои инфиродӣ («ба ман кумак кард») такя мешавад.

Такя ба қадимӣ будан: Иддао мешавад, ки ин бовар ҳазорҳо сол собиқа дорад, пас ҳатман дуруст аст.

Кор дар инзиво: Соҳибони шибҳиилм одатан ҷудо аз ҷомеаи илмӣ фаъолият мекунанд.

Мафҳумҳои алоқаманд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фараравоншиносӣ: Омӯзиши падидаҳои мовароуттабиӣ ба монанди ҳисси шашум, дурбинӣ ва арвоҳ.

Шаккокии илмӣ: Раванди санҷиши иддаоҳо бо истифода аз тафаккури интиқодӣ ва методологияи илмӣ.

Хурофот: Боварҳои беасос, ки реша дар тарс ё нодонӣ доранд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Bowler J (2003). Evolution: The History of an Idea (3rd ed.). University of California Press. p. 128.
  2. Parliamentary Assembly, Working Papers: 2007 Ordinary Session. Council of Europe.